Дар Брюссел ҷомеаи байналмилалӣ барои Афғонистон 15.2 млрд. доллари ИМА ҷамъ кард
Душанбе, 06.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаҳои конфронси донорӣ, ки дар Брюссел доир гардид, ҷомеаи байналмилалӣ барои Афғонистон 15.2 млрд. доллари ИМА ҷамъоварӣ кард. Дар ин бора рӯзи чоршанбе агентии ТАСС бо такя ба гуфтаи комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса иттилоъ дод.
«Имрӯз хушҳол аз онам, ки дар бораи ҷамъоварӣ намудани маблағи зиёд дар ҳаҷми 15.2 млрд. доллари ИМА эълон медорам», — гуфт ӯ.
Дар санади ниҳоии конфронс гуфта мешавад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва Афғонистон барои кумак ба ин кишвар ба хотири расидан ба сулҳ, амният, рушди устувор ва шукуфоӣ изҳори хоҳиши таҳкими ҳамкорӣ намуданд. «Онҳо зикр карданд, ки ба пешравии назаррас ноил гардиданд, вале мушкилоте, ки ин кишвар бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, талошҳои минбаъдаро барои ҳифзи ин дастовардҳо ва дастовардҳои нав талаб мекунанд», — зикр шудааст дар баёния.
Бо мақсади дарёфти дастоварди нав иштирокдорони конфронс ба мувофиқа расиданд, ки дар се самти асосӣ ҳамкорӣ намоянд. «Сохтмони давлатӣ ва муассисавӣ дар Афғонистон, дастгирии устувори байналмилалӣ ва маблағгузорӣ то соли 2020, дастгирии минтақавӣ ва байналмилалӣ барои анҷом додани хушунат бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисод ва беҳтар гардонидани ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, инчунин раванди сиёсӣ барои расидан ба сулҳ ва ризоият», — маънидод шудааст дар санади ниҳоӣ.
Беш аз 70 кишвар ва 20 созмон дар конфронси дурӯза оид ба Афғонистон, ки 4 октябр дар Брюссел оғоз гардида буд, иштирок доштанд. Бино ба иттилои Шӯрои ИА, ҳадафи асосии конфронс расонидани кумак ба ҳукумати Афғонистон дар гузаронидани ислоҳот ва истиқрори сулҳ дар ин кишвар буд.
Ҳамин тариқ, дар конфронси донорӣ дар Брюссел Иттиҳоди Аврупо бо ҷудо намудани 5 млрд. Евро барои Афғонистон донори асосии ин кишвар гардид. Дар ин бора пас аз анҷоми конфронс сарвари дипломатияи ИА Федерика Могерини зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт.
«Ман бо ифтихор эълон медорам, ки Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо кишварҳои аъзо бо ҷудо намудани 5 млрд. Евро аввалин донори Афғонистон гардид», — гуфт ӯ.
Бино ба гуфтаи ӯ, «сармоягузорӣ ба мардуми Афғонистон ин сармоягузорӣ ба суботи байналмилалӣ ва ояндаи мост».
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Брюссел изҳор дошт, ки имрӯз барои кишвари ӯ «рӯзи беҳтарин» аст.
Тарҷумаи А. Акбаров








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






