Дар Конибодом машварати ҷавондухтарон дар мавзӯи «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ» баргузор гардид
Душанбе, 17.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ум машварати аввалини Шӯрои духтарони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, машварат дар мавзӯи «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ» гузаронида шуда, дар он саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуданд. Дар машварат раисони Шӯрои духтарони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷҳо иштирок намуданд. Мақсади машварат- омода намудани духтарон ба оиладорию рӯзгордорӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуршеда Холматова дар бораи муносибати зану шавҳар, зӯроварӣ дар оила ва пешгирии никоҳи барвақтӣ сухан гуфт.