Дар шаҳри Норак бо сокинон ҷиҳати пешгирии масрафи беҳудаи неруи барқ суҳбатҳо доир шуданд

Октябрь 13, 2016 14:53

Норак, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои хуб гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 омодагии пурра мебинанд. Барои сари вақт таъмин намудани соҳаҳои буҷетии шаҳр бо сӯзишворӣ аз буҷети шаҳр зиёда аз 104 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки то имрӯз барои фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 24 тонна ангишт ва 1056 метри кубӣ ҳезум захира намудаанд. Инчунин масъулини муассисаҳои тандурустии шаҳр 115 адад гармкунаки барқӣ, 13 адад печи аловӣ, 2 адад печи дизелӣ ва 5 адад генератори барқдиҳанда, 104 метри кубӣ ҳезум ва 390 литр сўзишворӣ захира кардаанд.
Сардори шуъбаи кадрҳои муассисаи Манзилию коммуналии шаҳри Норак Ҳабиба Шулашова оид ба омодагӣ ва гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 иброз намуд, ки «Масъулини муассисаи мазкур барои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, лампаҳо ва таҷҳизоти гармидиҳандаи каммасрафи барқӣ бо сокинони маркази шаҳр вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, пешгирии масрафи беҳудаи неруи барқро, ки зарар ба буҷети ҳар оила мебошад, ба сокинон фаҳмониданд. Ҳамчунин то имрӯз муассисаи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон техникаҳоро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта, дар анборҳои корхона ба миқдори 36 метри мукааб қуми махсус ва 13,7 тонна намак захира намудаанд».

Октябрь 13, 2016 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод