Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Душанбе баргашт

Октябрь 26, 2016 09:38

Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон баъди ширкат дар бозиҳои 39-уми ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 аз кишвари Баҳрайн субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт. Дар фурудгоҳ футболбозони кишварро мухлисони сершумор истиқбол гирифтанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Д» бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон (1:2), Чин (2:0) ва Австралия (0:0) бозӣ карда, бо касби 4 имтиёз бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон бахти футболбозони мо омад накард ва ҷопониҳо бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Танҳо як фурсат ба футболбозони мо имкон надод, ки роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон- 2017-ро ба даст оранд. Бо ин натиҷаи ба дастомада футболбозони мо ба қатори 8 дастаи беҳтарини Осиё шомил шуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозиҳои ¼- ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 дастаҳои мунтахаби Эрон бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0, Ветнам бар Баҳрайн бо натиҷаи 1:0 ва Арабистони Саудӣ бар Ироқ бо ҳисоби 2:2 (6:5 аз зарбаҳои пеналтӣ) ғолиб омада, мисли Ҷопон ба даври нимниҳоӣ баромаданд.
27 октябр дастаи мунтахаби Эрон бо Арабистони Саудӣ ва 28 октябр Ҷопон бо Ветнам вориди сабқат мешаванд.
Бозии ниҳоӣ 30 октябр доир хоҳад шуд.

Октябрь 26, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд