Даъвати ҷавонони Кӯлоб ба ватандӯстию ватанпарастӣ
Душанбе, 5.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли равон бо иштироки доираи васеи ҷавонон ва бо мақсади истироҳату фароғати онҳо, инчунин тарғиби ватандӯстию ватанпарастӣ дар саҳни бинои Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Барномаи фарҳангии мазкур аз ҷониби ҳунармандони ҷавони шаҳри Кўлоб баргузор гардида, дар он сурудҳои ватандӯстона садо доданд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.