Ҷинояткорӣ дар ноҳияи Шуғнон коҳиш ёфтааст
Хоруғ, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷинояткорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ рӯ ба коҳиш ниҳода, дар нуҳ моҳи соли равон 35 ҷиноят ба қайт гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад камтар мебошад»,- гуфт сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнон Нозим Назархудозода зимни мулоқот бо сокинони деҳаи Раҳмонобод.
Ба иттилои Нозим Назархудозода, ҷиноятҳои вазнин кам гардида, ҳодисаҳои авбошӣ, дуздии моликияти шахсӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ зиёд ба чашм мерасанд ва аз байн бурданашон муборизаи муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Сокинони деҳа изҳор доштанд, ки онҳо сиёсати Ҳукумати кишварро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд ва барои ҳифзи фазои босубот ва таҳкими қонуният бо мақомоти интизомӣ пайваста ҳамкорӣ менамоянд.