Иштирок ва суханронии С.Аслов дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоӣ»
Душанбе, 05.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябри соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар чорабинии канорӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии минтақавӣ ва шукуфоӣ», ки дар пешорӯи Конфронси байналмилалии Брюссел оид ба Афғонистон баргузор шуд, ширкат намуд. Дар ҷаласа атрофи нақши зерсохтор, интиқол ва тиҷорати минтақавӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва роҳҳои эҳёи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар дар заминаи тақвияти ҳамкории минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Сироҷидин Аслов дар суханронии хеш ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла аҳамияти иҷрои тарҳҳои зерсохтории миллию минтақавӣ, бахусус дар ҷодаҳои энергетика, иртибототи нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадиро таъкид намуд. Дар ин росто ҳамчунин таваҷҷуҳи ширкаткунандагони чорабинии мазкур ба зарурати гирифтани иқдомҳои муассир барои таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон ва бартарафсозии монеаҳо дар самти тиҷорати байниминтақавӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Афғонистон ва шукуфоии иқтисодии минтақа аст, ҷалб карда шуд.
Конфронси байналмилалии Афғонистон зери унвони «Шарикӣ баҳри шукуфоӣ ва сулҳ» бо ширкати ҳайатҳои 70 кишвар ва 30 созмону ниҳодҳои байналмилалӣ бо мақсади кумакҳои молӣ барои бозсозии Афғонистон дар чаҳор соли оянда рӯзи 5 октябри соли 2016 дар Брюссел баргузор мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






