Иштироки Сарвазири мамлакат дар расми анҷоми лоиҳаи «Беҳтарнамоии таъмини оби нўшокии аҳолии ноҳияи Панҷ»

Октябрь 7, 2016 16:25

Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар расми анҷоми лоиҳаи «Беҳтарнамоии таъмини оби нўшокии аҳолии ноҳияи Панҷ» иштирок намуд.
Лоиҳаи «Беҳтарнамоии таъмини оби нўшокии аҳолии ноҳияи Панҷ» бо дасгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо ҷониби Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида, маблағи беш аз 16 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Татбиқи ин лоиҳаи афзалиятнок, ки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияи Панҷ нигаронида шудааст, аз моҳи июни соли 2014 оғоз гардида, имрўз ба анҷом расонида шуд.
Дар доираи ин лоиҳа беш аз 70 км хатҳои нави обгузар, 2 иншооти безараргардонии об, се чоҳи амудӣ, 2 ҳавзи нигоҳдории об ва ду муҳаррики бузурги обкашонӣ бунёд шудааст, ки дар маҷмӯъ то 30 ҳазор аҳолии ноҳияи Панҷ метавонанд аз хизматрасонии сохтори нави таъминкунандаи оби нўшокӣ истифода намоянд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори анҷоми муваффақонаи лоиҳаи «Беҳтарнамоии таъмини оби нўшокии аҳолии ноҳияи Панҷ» Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ сухан гуфта, ин рўйдодро аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ дар раванди муносибатҳои дўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон арзёбӣ намуданд.
Тавре таъкид гардид, беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони мамлакат дар меҳвари сиёсати башардўстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин тадбирҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат тавассути лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, дар доираи ин сиёсат «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2018» мавриди иҷро қарор дорад, ки татбиқи зиёда аз 150 лоиҳаро бо маблағи 224 млн сомонӣ дар бар мегирад. Бо изҳори қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар оянда низ рушду тавсеа ёфта, барномаю лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.
Хотиррасон бояд шуд, ки фармоишгари лоиҳа Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Чумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати ҷопонии «Ниппон Констракшн» мебошанд.

Октябрь 7, 2016 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд