Лоиҳаи «Eurasia Mobile Challenge»-имконияти беҳтарин барои ҷавонон

Октябрь 14, 2016 09:08

Душанбе, 14.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Макс Гурвитс, соҳибкор ва сармоягузори машҳури ИМА барои иштирокчиёни озмуни байналмилалии «Ҷоми мобилии Евразия» («Eurasia Mobile Challenge») ва соҳибкорони ҷавони тоҷик дар мавриди чӣ тавр бо сармояи хурд фаъолияти соҳибкориро оғоз намудан маърӯза хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки ҶДММ Таком (ТМ Beeline) ҷавононро барои иштирок дар озмуни байналмилалии Ҷоми мобилии Евразия («Eurasia Mobile Challenge») даъват намуда буд. Ҷоми мобилии Евразия барои ҷавонони болаёқат беҳтарин имконият барои муваффақ шудан аст.
Макс Гурвитс инчунин ба ҷавонони соҳибкор дар бораи то ба миллион расонидани даромад ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ сухан мегӯяд.
Ҷоми мобилии Евразия- ин барномаест, ки ба рушди соҳибкорӣ ба воситаи дастгирии стартаперҳо равона шудааст. Дар он метавонанд ҳам соҳибкорони ҷавони ботаҷриба, ҳам нафароне, ки дар ин соҳа қадамҳои аввалини худро мегузоранд, иштирок намоянд.
Дар фарҷоми озмун ҳайати ҳакамон се дастаеро интихоб менамояд, ки барои мукофоти пулӣ ба маблағи $20 000 дар марҳилаи минтақавии озмун, ки дар шаҳри Ереван баргузор мегардад, мубориза хоҳанд бурд.
«Иштирок дар соли гузашта дар озмуни «Eurasia Mobile Challenge» нишон дод, ки дар мамлакати мо ҷавонони болаёқат зиёданду онҳо ҳақиқатан ғояҳои дурнамо доранд. Вазифаи мо, ҳамчун ташкилкунандагони озмун дар Тоҷикистон ин кумак ба ҷавонон барои амалӣ намудани имкониятҳои онҳо ва мусоидат ба рушди digital-стартап дар Тоҷикистон мебошад. Мо умедворем, ки ин сол иштирокчиёни мо худро хуб муаррифӣ намуда, дар марҳилаи минтақавӣ ва ҳатто дар даври ҷаҳонии озмун ҷойҳои намоёнро ишғол хоҳанд намуд»,-иброз намуд менеҷер оид ба робитаҳои ҷамъиятии ҶДММ Таком Мария Веторази.
Озмуни «Eurasia Mobile Challenge» бори дуввум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Соли гузашта се дастаи ғолиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи минтақавии озмун, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок намуданд.
Номнавис шудан ба озмун дар сомонаи www.eurasiamobilechallenge.com то 15-уми октябри соли 2016 имконпазир аст.

Октябрь 14, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст