Масъулини ноҳияҳои шаҳр аз уҳдаи сари вақт пайваст кардани манзилҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ намебароянд
Душанбе, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳаи сеюми моҳи сентябр ва аввали моҳи октябри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим — раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, МБГ «Душанбе-2» ва зерсохторҳои ноҳиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» доир ба масъалаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе барои солҳои 2016-2017 бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, масъулини шаҳри Душанбе, роҳбарони ноҳияҳои шаҳри Душанбе якчанд ҷаласаҳои сайёр баргузор гардиданд.
Қабл аз оғози ҷаласаи сайёри ниҳоӣ, ҳайати иштирокчиён ва даъватшудагон аз қитъаҳои тақсимгардидаи корӣ дидан намуда, бо ҳолат ва ҷараёни иҷрои корҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе аз наздик шиносо шуданд.
Эътимоднокии сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар шоҳлӯлаҳои асосӣ ва лӯлаҳои интиқолдиҳандаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе зиёд гардида истодааст.
Ҳолати ғалақаҳои пайвастшавӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки асосӣ буда, ҳадафи ниҳоии ҳамаи корҳо низ ҳамин аст, мутаассифона, то имрўз ҳамчун мушкилоти асосӣ боқӣ мондааст. Бо чунин тартиб, масъулини ноҳияҳои шаҳр аз уҳдаи сари вақт пайваст кардани манзилҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ намебароянд ва иҷрои супориши Пешвои миллат оид ба омодагии муносиб барои зимистонгузаронӣ сари вақт таъмин намегардад.

Муовини Сарвазир вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар гузариши дарёҳои Душанбе ва Лучоб низ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин камбудиҳояшонро нишон дод.
Аз натиҷагирии ҷараёни корҳо хулосабардорӣ карда шуд, ки муҳлат барои иҷрои корҳои ивазкунию барқарорсозии қубурҳои гармидиҳӣ бениҳоят маҳдуд мебошад ва зарур аст, ки дар ҳамаи қисматҳо фаъолияти ширкатҳои ёрирасони васлгару барқарорсоз ба маротиб вусъат бахшида шавад. Дар баробари ин, сифати корҳо бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, ҷараёни корҳо дар ҳар ду рўз аз рўи ҷадвалҳои махсуси тартибдодашуда ба роҳ монда шавад.
Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, муовини Сарвазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини вазорату идораҳои соҳавӣ супоришҳои мушаххас дод ва таъкид намуд, ки тамоми корҳои сохтмониву барқарорсозӣ то охири моҳи октябри соли равон бояд пурра ба анҷом расонида шаванд.
Дар интиҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, И.Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ дар ин раванд тавсия дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






