Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар Анҷумани «Роҳи нави Абрешим»

Октябрь 13, 2016 17:13

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябри соли 2016 бо ибтикори Палатаи савдою саноати Швейтсария ва кишварҳои ИДМ мулоқот дар мавзӯи «Як камарбанд, як роҳ» баргузор гардид. Дар мулоқот сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъулини ниҳодҳои расмии кишвари иқомат, роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон иштирок намуданд. Фаъолияти назарраси Чин дар роҳандозии лоиҳаҳои гуногун дар ин минтақа, ки тибқи омор, ба 20 миллиард доллари ИМА расидааст, сабаби пешниҳод шудани мавзӯи мазкур шудааст.
Реҷаи кории мулоқот нақши Тоҷикистонро дар роҳандозии иқдоми мазкур дар бар гирифта буд. Бино ба барномаи он мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов ҳозиринро бо мавқеи кишвари мо дар робита ба ин иқдом ошно сохт. Дар баромад авлавиятҳои ҷониби мо дар чаҳорчӯби ин иқдом ба таври возеҳ инъикос гардиданд. Бо истифода аз воситаҳои аёнӣ ҳозирин аз имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, алалхусус, дар соҳаи энергетика, зерсохтор, кишоварзӣ ва ғайра огоҳ гаштанд. Дар интиҳои баромад иштирокчиён роҷеъ ба заминаи ҳуқуқии кишвар марбут ба сармоягузорӣ, вазъи сиёсиву иқтисодии Точикистон суол карданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар толори мулоқот маводи чопӣ ва дискҳоро бо маълумоти муфассал дар хусуси имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон миёни иштирокчиён паҳн намуд. Ҳамзамон бо ин, дар мусоҳибаҳои шахсӣ бо намояндагони ширкатҳои консалтингӣ, бонкҳои хусусӣ ва корхонаҳои содиркунандаи таҷҳизот дар соҳаи энергетика оид ба шароити сармоягузорӣ маълумоти иловагӣ расонда шуда, ҷиҳати шиносоӣ бо кишвар даъват ба амал оварда шуд.
Маълумот оид ба чорабинии мазкур дар сомонаи расмии он http://www.jointchambers.ch ҷой дода шудааст.

Октябрь 13, 2016 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид