Муассисаҳои буҷетии шаҳри Роғун барои гузаронидани фасли сармо омодаанд
Роғун, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» дар муассисаҳои таълимӣ 545 тонна ангишт, 359 м3 ҳезум, 1848 литр сўзишвории дизелӣ, 339 адад печкаи барқӣ ва 29 адад генератори неруи барқ захира намудаанд, ки дар фасли зимистон ва ҳолатҳои зарурӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Инчунин соҳаҳои тандурустӣ, Муассисаи давлатии назорати роҳҳои мошингарди шаҳр, шабакаҳои барқии шаҳр ва «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Роғун барои хуб гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон пурра омода гардида, маводи зарурӣ захира намудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои харидории маводи сўзишворӣ дар муассисаҳои буҷетӣ 385,2 ҳазор сомонӣ ва барои аз таъмир баровардани ҳамаи муассисаҳои буҷетӣ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон, 1 043,0 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.