Муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд аз таъмири хушсифат бароварда шуданд
Хуҷанд, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмиру тармими муассисаҳои тиббии шаҳр ва иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» тадбирҳои муассир андешида, дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, чанде пеш бо маблағгузории 430 000 сомонӣ аз ҷониби МИҲД-и шаҳр Беморхонаи сироятии маркази вилоят, аз ҷумла, шуъбаҳои 3,4,5-уми бемориҳои шадиди рӯдаю меъдаи кӯдакона пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.
Ҳамчунин дар 9 моҳи соли 2016 бо маблағгузорӣ аз буҷаи шаҳр дар таваллудхонаи шаҳрӣ ба маблағи 146 ҳазору 520 сомонӣ боми шуъбаи амрози занона тунукапӯш карда шуда, дар Беморхонаи шаҳрии №2 таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Бинои якошёна сафолакпӯш гардида, қисман боми шуъбаи амрози занона ва ҳуҷраи рентгенӣ низ шиферпӯш карда шуд.
Ҳоло дар беморхонаи шаҳрии №2 таъмири бинои якошёна ва дар Маркази саломатии шаҳрӣ №5 таъмири намуди берунии бино идома дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






