Роҳхати дастаи мунтахаби ҷавонони Ветнам ба бозиҳои чорякниҳоии Чемпионати Осиё-2019 (U-19) аз гурӯҳи «Б» мутахассисонро дар тааҷҷуб гузошт
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Ветнам шоми дирӯз баъди бозии даври сеюми гурӯҳи «Б», бо пешсафи ин гурӯҳ- дастаи мунтахаби Ироқ, ки бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расид, ғайричашмдошти мутахассисони соҳаи футболи Осиё ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Ин дар ҳолест, ки дар ин гурӯҳ беҳтарин дастаҳои Осиё, чун Ироқу Амороти Мутаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳузур доштанд. Футболбозони Ветнам дар бозии аввалини худ Кореяро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, бо дастаи мунтахаби АМА баробар (1:1) бозӣ карданд ва дар натиҷа бо касби 5 имтиёз вориди бозиҳои чорякниҳоӣ шуданд.
Дар даври сеюм футболбозони Аморот бар Кореяи Халқӣ-Демократӣ бо нишондоди 3:1 ғолиб омаданд. Дастаи мунтахаби Ироқ бо ду ғалаба ва 1 мусовӣ зинаи аввалро ба даст овард.
Натиҷаи ҷамъбастии бозиҳои гурӯҳи «Б»:
Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Ветнам- 1:2
АМА –Ироқ- 0:1
Ветнам – АМА- 1:1
Ироқ- Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея — 4:0
Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – АМА- 1:3
Ироқ – Ветнам- 0:0
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
| ИРОҚ | 3 | 2 | 1 | 0 | 5 | 0 | 7 | |
| ВЕТНАМ | 3 | 1 | 2 | 0 | 3 | 2 | 5 | |
| АМОРОТИ МУТАҲИДАИ АРАБ | 3 | 1 | 1 | 1 | 4 | 3 | 4 | |
| КОРЕЯИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТӢ | 3 | 0 | 0 | 3 | 2 | 9 | 0 |








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






