С.Аслов ва М.Човушоғлу барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2017-2020-ро имзо карданд
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябри соли 2016 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор шуд.
Дар заминаи тавофуқҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, вазирони корҳои хориҷӣ ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд.
Ба ҳадафи тавсеаи ҳамкории судманд дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузориҳо, иртиботи нақлиётӣ, энергетика, саноат, фарҳанг ва маориф зарурати роҳандозии фаъолтари робитаҳои байнисоҳавӣ ва нишастҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид. Ҷонибҳо нисбат ба зарурати тақвияти абзорҳои дуҷонибаи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ ва инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҳамдигар оид ба парвандаҳои ҷиноӣ назари яксон доштанд.
Пас аз анҷоми музокирот С.Аслов ва М.Човушоғлу «Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2017-2020»-ро имзо карданд.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






