Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат ба 20 оилаи ҷамоати деҳоти Чӯянгарон кумак расонид
Ваҳдат, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор Ҷурабек Воҳидов ба 20 оилаи ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат ба маблағи 300 сомонигӣ маводи хӯрокӣ тақдим намуд. Инчунин имомхатиби масҷиди деҳаи Хордараи болои ҷамоати мазкур аз ҳисоби худ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 як синфхонаи иловагӣ сохта, онро бо мизу курсӣ таъмин намуд. Ӯ ҳамзамон ба хонандагони синфҳои яки ҳамин муассиса маводи хониш туҳфа намуд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 2 адад муассисаи таълимии замонавӣ барои 2000 ҳазор нафар хонанда дар ду баст, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 16 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шудаанд.