Суғд: соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон омодаанд
Хуҷанд, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар дар доираи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 омодагӣ ҷараён дорад. Вобаста ба ин ҳолат мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт:
«Барои сари вақт омода намудани соҳаҳои мухталиф таҳти роҳбарии раиси вилоят Ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, алъон дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Бо ин мақсад миқдори зарурии сӯзишворӣ (ангиштсангу ҳезум), печҳои бухориву гармкунакҳои барқӣ захира ва иншооти соҳа аз таъмир бароварда шудаанд. Корҳои пешгирикуниву шишабандии тирезаҳо ба анҷом расонида шуда, низоми барқрасонӣ омода карда шудааст».
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади омода намудани низоми энергетикии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҷониби барқчиёни вилоят — 19 адад трансформатор ва 38,2 тонна равғани трансформаторӣ иваз карда шуда, 53 трансформатор ва 30 зеристгоҳи барқӣ таъмир, 192 симчӯбу пояҳои оҳану бетонӣ ва 19,3 км ноқили хатҳои барқӣ низ иваз карда шуданд.
То 1 октябри соли 2016 захираи ангиштсанг дар соҳаи маориф 10663,3 тонна (100,7%) ва ҳезум 7032,5 м3 (102,0%)-ро ташкил намуда, дар соҳаи тандурустӣ 3197 тонна ангиштсанг (107%) ва 1494 м3 ҳезум (107,0%) захира карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






