Табиати мавзеъҳои Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз ба барқароркунии саломатӣ ва туризми экологӣ хеле мусоид аст
Душанбе, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи баландтарини ташрифи сайёҳон- 414 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуд. Дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 16 ҳазор нафар бештар сайёҳон ба ҷумҳурӣ ворид шуданд. Агар то соли 2015 шаҳрвандони 59 давлати дунё ҳамчун сайёҳ аз Тоҷикистон боздид карда бошанд, дар шаш моҳи имсол ин нишондиҳанда ба 100 давлат расид, ки ин ҳама гувоҳи рушд кардани туризм дар Тоҷикистон мебошад». Ин матлабро Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни маърӯза дар мавзӯи «Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои кишвар ва мавзеъҳои биҳиштосо ва кашфношуда дар мисоли Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз: дурнамои ҷалби сармоя ба онҳо» 14 октябр дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз намуд.
Ба маълумоти Ризо Назарзода, дар айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 107 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки 50-тои он бо хатсайри содиротӣ, 57 ширкат бо хатсайри воридотӣ бо пешниҳоди 60 хатсайри дохилӣ имконият ва захираҳои сайёҳиро муаррифӣ мекунанд.
Зикр шуд, ки табиати тозаи мавзеъҳои биҳиштосои Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз ба барқароркунии саломатӣ ва туризми экологӣ хеле мусоид аст. Дар ин мавзеъҳо ба роҳ мондани туризми асотирӣ ва табиати зинда, кашфношуда, агросайёҳӣ, велотур, мототур, аспсаворӣ, човандозӣ, муолиҷавӣ ва табобатӣ (5 чашмаи гарм), туризми кӯҳию варзишӣ, туризми лижатозии кӯҳӣ, экологӣ ва барқароркунии саломатӣ, шикор ва рафтинг ба мақсад мувофиқ мебошад.
«Дар соли 2015 даромади умумӣ аз туризми байналмилалӣ ба 1,5 триллион доллар ё 10 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон, ташрифи сайёҳони байналхалқӣ 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 миллиард нафар расидааст. 6 фоиз даромади ҷаҳонӣ, 7 фоиз сармояи ҷаҳонӣ, 11 фоизи харҷи истеъмолӣ, 5 фоиз воридоти андоз ва ҳар 16-умин лоиҳаи кор ба рушди соҳаи сайёҳӣ тааллуқ дорад.
Дар муқоиса бо давлатҳои абарқудрати дунё, ки имрӯз дар рушди соҳаи сайёҳӣ натиҷаи баланд ба даст овардаанд, дар мисоли давлатҳои Аврупо, ки дар соли 2015 аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ 509 миллиард доллар, ИМА 177 миллиард доллар, Испания 65 миллиард доллар ва Чин 57 миллиард доллари амрикоӣ даромад ба даст овардаанд, ки 30 фоизи содироти хизматрасонии ҷаҳониро ташкил медиҳад», — гуфт Ризо Назарзода.












Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






