Теъдоди ширкатҳои вобаста ба ҳамлу нақл дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст
Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи суғуртакунӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва дохилӣ зимни машварат дар мавзӯи «Нақшаи тадбирҳои якҷоя доир ба такмили муносиботи логистики нақлиётӣ дар Осиёи Миёна» баррасӣ гардид. Машварат бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Барномаи ҷамъиятии олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) доир гашт.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, дар машварат кормандон ва мутахассисон вобаста ба кори ҳамлу нақли бор, аз ҷумла, кормандони масъули раёсатҳои байналмилалӣ, таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, авиатсияи гражданӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ширкатҳои суғуртакунонии ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз таҷриба ва мушкилоти ширкатҳояшон изҳори назар намуданд.
Муовини сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ Фаррух Неъматзода вобаста ба зарурати баргузории чунин машварат ва аҳамияти муҳокимаву таҳлили мавзӯъ, яъне пазируфтани ин падида дар соҳаи нақлиёт сухан намуд. «Теъдоди ширкатҳои вобаста ба ҳамлу нақл дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва вақти он расида, ки тамоми меъёрҳо ва таҷрибаҳои пешқадами ин соҳаи ширкатҳои хориҷӣ омӯхта ва амалӣ карда шаванд»,-афзуд Ф. Неъматзода.
Дар кори семинар намояндагони GIZ-и мустақар дар шаҳри Душанбе ва ширкати «ТрансАл»-и Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






