Тоҷикистону Чин аҳамияти тавсеаи робитаҳои байниидоравию байниминтақавиро таъкид намуданд
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 27 октябр ҳайати намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии Ваколатдори ҳукумати Чин оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бар зидди терроризм Чен Гопин ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳоеро, ки миёни роҳбарони олии ду кишвар ҷиҳати таҳкими беш аз пеши шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар ҳавзаҳои мухталиф ҳосил шуданд, баррасӣ намуданд. Дар ин замина бар аҳамияти тавсеаи робитаҳои байниидоравию байниминтақавӣ ва таъсиси абзорҳои нави ҳамкорӣ, ки ба таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, сулҳ ва амнияти минтақа равона шудаанд, таъкид гардид.
Ҳамчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






