Вазири нақлиёт: «Дар доираи табиқи лоиҳа кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ нашудааст»
Душанбе, 19.10.2016/АМИТ «Ховар»/. «Дар доираи татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани роҳи мошингарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон аз минтақаи ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ нашудааст»,- гуфт имрӯз дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи мазкур барои ба дигар ҷо кӯчонидани хатҳои муҳандисӣ аз шаҳраки 82-и пойтахт 1 миллиону 300 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст. Бояд тазаккур дод, ки 19 октябр вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ /БОСИ/ оид ба лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистонро ба тасвиб расониданд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки маблағи умумии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди мазкур 90 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ 62,5 миллион $ ва БОСИ 27,5 миллион доллар маблағгузорӣ карда мешавад. Санади мазкур 25 июни соли 2016 дар Пекин ба имзо расонида шудааст. Агентии иҷроияи лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқкунандаи он Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад.
Беҳтар намудани ҳолати роҳи мошингард, хизматрасонии нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон ҳадафи асосии лоиҳа аст. Дар доираи лоиҳа барқароркунии қитъаи роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе аз км 0 то км 4,6 бо паҳноии аз 70 то 90 метр, ҳаракати 8- хатаи нақлиёт ва чор хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва навсозии чорроҳаи назди ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино ва шаҳраки 82 дар сатҳи гуногун пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз гардида, то охири соли 2020 ба анҷом расонида хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






