Вусъати ҳамкорӣ бо МЕДЕФ ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба манзури пешбурди ҳамкории бахши соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи франсавӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ассотсиатсияи «МЕДЕФ Интернешнл» (Созмони соҳибкорони Франсия) барқарор гаштаанд.
Дар таърихи 23-24 апрели соли 2015 дар Душанбе дар ҳамбастагӣ бо ин ташкилот Аввалин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Франсия баргузор гаштааст.
Дар нимаи дуюми сол- 24 ноябр Дуюмин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Франсия барпо гардид. Дар кори Дуюмин анҷумани соҳибкорон, ки бо роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Президенти ассотсиатсияи МЕДЕФ Жан Бюрел сурат гирифт, намояндагони расмии Франсия аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молия, инчунин беш аз 20 ширкати Тоҷикистон ва Франсия ширкат варзиданд. Раиси Кумита Қодири Қосим дар оғози анҷуман рӯнамоии имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро пешниҳод карда, пас аз он мулоқоти дуҷониба бо намояндаҳои расмӣ ва гурӯҳҳои соҳибкории Франсия анҷом пазируфтанд.
Дар хотимаи ҷаласа Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ассотсиатсияи «МЕДЕФ Интернешнл» ба имзо расид, инчунин Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия бунёд гашт.
Айни замон ҳамраисҳои Шӯро аз ҷониби Тоҷикистон (Некрӯй Забирзода, директори КВД «Тоҷинвест») ва аз ҷониби Франсия (Кристоф Фонтен, узви Кумитаи иҷроияи ширкати «Обертюр Текнолоҷи») таъйин гаштаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






