«Зангўлаҷон зангўла», «Як рўзи офтобӣ», «Маҳвора дар гаҳвора» ва дигар китобҳои кӯдакона дар КМТ

Октябрь 19, 2016 11:50

Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар/. Имсол бори аввал 578 нусха китобҳои тозанашр барои кўдакони аз 3 то 7-сола вориди фонди шуъбаи нигоҳдории китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуд. Инҳо маҷмўаи шеърҳои кўдаконаи «Зангўлаҷон зангўла»-и З. Соҳибназар, ҳикояи «Як рўзи офтобӣ»-и Ҳ. Имодӣ, маҷмӯаи шеърҳои кӯдаконаи Низом Қосим «Маҳвора дар гаҳвора», маҷмӯаи шеърҳо барои хурдтаракони С.Маъмур «Алвончак», маҷмӯаи шеърҳои кўдаконаи У. Раҷаб «Олуча гули бодом» ва ғайра мебошанд.
Мазмун ва мўҳтавои адабиёти тозанашри воридшуда аз чистонҳо, қисса, ҳикояҳо, тезгўякҳо, шеърҳо ва афсонаҳо иборат мебошад. Маҷмўаҳо бо ҳусну латофат ороиш ва зебу зинат дода шудаанд, ки диққати хонандаи хурдсолро ба худ ҷалб менамоянд.
Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 19, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид