Зани муосир набояд бори гарони зиндагиро танҳо ба дӯши мард вогузор кунад
«Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳукуқу имкониятҳои баробари мардону занон модели сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод карда шуд».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар марҳилаи рушди босубот қарор дошта, дар арсаи сиёсат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи худро рӯз аз рӯз устувор мегардонад. Яке аз соҳаҳое, ки ҶТ ба пешравӣ ноил гардидааст, ин фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, аз ҷумла соҳибкорӣ миёни занон. Яке аз ҳадафҳои кишвар низ ҳамин аст, зеро фаъолияти босуботи соҳибкорӣ кафили боэътимоди рушди иқтисод ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат аст. Ҳамин аст, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорон дар кишвар ҳамасола 14 октябр Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
Матлуба Турсунова, сокини шаҳри Турсунзода солҳост, ки ба касби омӯзгорӣ машғул аст. Дар баробари ин вай дар замини наздиҳавлигии худ гармхона сохта, дар он сабзавот, аз қабили карам, сабзӣ, помидор, бодиринг, лӯбиё, сабзаҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзиро парвариш мекунад. Ба гуфтаи номбурда, имрӯз занон баробари мардон фаъолият намуда, шароити иқтисодии оилаашонро таъмин мекунанд. Соҳибкории хурду миёна барои занон имкон медиҳад, ки ҳам ба кори хона машғул шаванду ҳам ба соҳибкорӣ.
«Мехоҳам дар оянда маҳсулоти истеҳсолмекардаамро ба хориҷи кишвар содир намоям. Зани муосир набояд бори гарони зиндагиро танҳо ба мард вогузор кунад. Волидайн вазифадоранд, ки дар якҷоягӣ ҳам ба тарбияи фарзанд машғул шаванду ҳам шароити зиндагиро барои аҳли оила муҳайё созанд. Ман ғайр аз фурӯши сабзавоту сабзаҷот, боз аз маҳсулоти парвардаам консерва тайёр мекунам. Ман аллакай харидорони худро ёфтаам ва талабот ба маҳсулоти консервагии ман зиёд аст»,- мегӯяд М. Турсунова. Сабаби харидори зиёд доштанашро мусоҳиб бе маводи кимёвӣ ва доруворӣ парвариш шудани сабзавоташ медонад. Ин соҳибкорзани пуртаҷриба аз сабзаҷот инчунин маводи хушбӯйкунандаи гуногун тайёр карда, ба бозор мебарорад.
«Ман тасмим дорам дар оянда консерваву хӯришҳоямро ба Федератсияи Русия содир намоям, зеро бисёр соҳибкорони рус ин маҳсулотро дархост карда истодаанд. Инчунин ният дорам, сабзаҷот ва меваҳои хушккардаамро дар Афғонистон, ки бо мо ҳамсарҳад аст, ба фурӯш барорам. Ман ба ин кор дигар занҳоро низ ҷалб намудам. Акнун занҳои хонашин метавонанд дар хона ба соҳибкории хурд ҳам бошад, машғул шаванд», -баён дошт соҳибкорзан.
Ба гуфтаи Матлуба Турсунова, соҳибкорӣ худ як эҷодкорист. Аз ин рӯ вай кӯшиш менамояд, ки ҳама вақт дар кораш як навгонӣ ворид намояд, то самараи боз ҳам хубтар ба даст орад. Бо ҳамин роҳ чунин нафарон бозори дохилиро бо меваву сабзавоти ватании арзон таъмин менамоянд.
«Ман дар замин кор карданро дӯст медорам, зеро бо меҳнати ҳалоли худ қути лоямутамро меёбам. Ман инчунин ғайр аз соҳибкорӣ дар ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардои вилояти Хатлон» ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунам. Ба андешаи ман, душвории асосии занони соҳибкор- ин баланд будани фоиз дар бонкҳо ва андоз мебошад»,-афзуд М. Турсунова.
Матлуба Турсунова дар тренингҳои худ ба занони соҳибкор роҳи беҳтари фаъолияти соҳибкориро меомӯзонад. Дар сурати аз фаъолияти тиҷоратӣ бештар ба истеҳсолот, яъне ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоливу хизматрасонӣ рӯ овардани занони сохибкор на танҳо худи онҳо, балки бисёр занони дигар низ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Инчунин ин навъи фаъолият ба занон имкон медиҳад, ки дар хона ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул гашта, анъанаҳои ниёгони худро аз нав эҳё намоянд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи хориҷиён низ ба намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва миллии мардуми тоҷик зиёд мегардад, ки ин аз сифати баланд, муосирӣ ва хушнавъии онҳо дарак медиҳад.