21 ноябр-Рӯзи байналмилалии телевизион. Шурӯъ аз соли 2005 дар телевизиони Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад

Ноябрь 21, 2016 15:20

Душанбе, 21.11.2016./АМИТ «Ховар»/. «Телевизион метавонад, нерӯи азими накӯкорӣ бошад. Он имкон медиҳад, ки мо аз ҳоли ҳамсояҳои дуру наздик огаҳ шавему дар масъалаҳои мухталифи ҷаҳонӣ фаҳмиши муштарак ва таҳаммул пайдо кунем».
Кофи Аннан

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи умумиҷаҳонии телевизионро ҷашн мегирад, ки ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ бахшида ба сулҳу амният, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги кишварҳои мухталифи саросари олам мебошад. Ин масъала 21 ноябри соли 1996 дар аввалин Анҷумани ҷаҳонии телевизион дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид матраҳ шуда буд. Пас аз ин 21-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион эълон намуданд.
Телевизион дар низоми васоити электронии ахбори омма ҷойгоҳи муносиб дошта, чун воситаи тавонои тарғибу ташвиқ ва василаи сареъи расонидани иттилоъ барои ташаккули афкори ҷомеа нақши калон мебозад. Имрӯз шабакаҳои ҷаҳонии телевизион ба дуртарин минтақаҳои олам дастрасӣ пайдо карда, имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти моҳвораӣ ва интернет мардуми саросари оламро аз рӯйдодҳои гӯшаву канори дунё огаҳ намоянд. Ҳадафи СММ танзими ба истилоҳ «ҷомеаи иттилоотии воҳид» асту телевизион дар татбиқи ин орзу воситаи нерумандтарин ба шумор меравад. Агар ба таърихи пайдоиши телевизион назар андозем, он як асрро дар бар мегирад. Таҷрибаҳои нахустини истифодаи нурҳои электронӣ барои интиқол ва қабули тасвир барои ҳудуди муайян ҳанӯз солҳои 1920 дар ИМА, Ҷопон ва Иттиҳои шӯравӣ гузаронида мешуданд. Соли 1932 аввалин намоиши тасвири ҳаракаткунанда сурат гирифта, соли 1938 дар асоси низомҳои электронӣ пахши таҷрибавии барномаҳо ба амал омад. Пас аз ин оғоз аз соли 1939 пахши доимии барномаҳои телевизионӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ аввалин барномаи телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 пахш шудааст. Аввалин наттоқони он Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исаева буданд. Дар давраи истиқлол бозори расонаии мамлакат ташаккул ёфта, дар соҳаи матбуот ва ВАО-и электронӣ тағйироти миқдориву сифатӣ ва мавзӯиву жанрӣ ба вуҷуд омад.


Ба гуфтаи Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филология: «ВАО-и электронии миллӣ, бахусус телевизион ҳамчун василаи афкорсоз бо таҳияи барномаҳои тарғибкунандаи забону фарҳанг, урфу одат ва муқаддасоти миллӣ метавонад ба психология, ҳиссиёт ва рафтори қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсир расонанд. Бо мақсади коҳиш додани нуфузи расонаҳои хориҷӣ ва мукаммал намудани фазои расонаӣ Сарвари давлат барномаи мукаммали таҳаввули соҳаро рўи даст гирифт ва таҳаввулоти куллӣ дар соҳа асосан баъди соли 1998 ба вуҷуд омаданд».
Саидмуроди Хоҷазод ташаккули телевизиони тоҷикро дар ду марҳила медонад, ки давраи аввали ин марҳила солҳои 1998- 2004-ро дар бар мегирад. «Дар ин замон ҳарчанд ба таҳаввулоти кадриву сохторӣ таваҷҷуҳ шуд, вале мушкилоти техникии ин расонаҳо побарҷо монд. Таҳаввулоти ҷиддӣ дар телевизиони Тоҷикистон ба давраи дуюми рушди он рост меояд, ки соли 2005 шурӯъ шуд. Дар ин давра ба рушди техникии телевизиони миллӣ, ки то ин дам яке аз масоили мубрамтарин ба ҳисоб мерафт, роҳандозии шабакаҳои нави телевизионӣ, фарогирии бештари манотиқи пахш, беҳсозии сифати барномаҳо ва пахш мароқ зоҳир шуд».
Бинобар омори расмӣ, дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ фаъолияти 70 адад ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 9 адад телевизиони давлатӣ ва 31 адад телевизиони ғайридавлатианд.
Ба гуфтаи Саидмуроди Хоҷазод, дар шароити ҷаҳонишавӣ телевизион рисолати нав касб мекунад. «Телевизион марзҳои сиёсиро убур менамояд, масофаро аз байн мебарад ва ба чашми оламбину гўши ҳамашунав табдил меёбад. Телевизионҳои моҳвораӣ фарҳанг ва урфу одатҳоро омезиш медиҳанд, ҷомеаро ба сўи ҳамбастагӣ мебаранд, мардумро дар атрофи шахсиятҳои сиёсӣ муттаҳид ва ё баръакс, пароканда менамоянд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои Садриддин

Ноябрь 21, 2016 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид