Академик Рашид Раҳимов: «Конститутсия ба рушди иқтисоди миллӣ замина гузошт»

Ноябрь 4, 2016 13:51

Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Комиссияи парлумонӣ оид ба таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат аз 11 нафар фаъолияти худро нахуст аз сафар ба ноҳияҳои ҷангзадаи минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон оғоз карда буд. Бо ташаббуси роҳбари гурӯҳ А.Достиев қарор қабул карда шуд, ки пеш аз навиштани лоиҳаи Конститутсияи нав аъзои гурӯҳи корӣ бо вазъи ҷумҳурӣ аз наздик шинос шаванд.

Рашид Раҳимов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ як узви гурӯҳи 11-нафараи корӣ хотираҳои худро дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба қабули Конститутсияи мамлакат, ки субҳи имрӯз дар Суди конститутсионии мамлакат баргузор гардид, ёдовар шуда, гуфт: «Вақте мо, аъзои гурӯҳи корӣ ба калонтарин ноҳияҳои Қурғонтеппа расидем, аз хонаҳо фақат деворҳои вайронаву сӯхта боқӣ монда буданд. Ягон одами зинда ба чашм намерасид, зеро сокинон гурӯҳ-гурӯҳ гуреза шуда, ноҳияҳоро тарк карда буданд. Манзара ончунон ҳузновар буд, ки танҳо имрӯз, вақте гузоришҳои телевизиониро аз Сурия ва Ироқ тамошо мекунам, дарк мекунам, ки чӣ роҳи пурпечутобро Ҳукумати мамлакат бо сокинони кишвар аз сар гузарониданд, то ба ин рӯзҳои ободиву осоиштагӣ расида бошем. Пас аз бозгашт ба Душанбе гурӯҳи корӣ ҷаласаи нахустини худро баргузор карда, чунин масъалагузорӣ кард: «Моро мебояд Конститутсияе нависем, ки ба сулҳу суботи Тоҷикистон мусоидат кунад, сокинони гурезаро ба Ватан баргардонад, шароити мусоидро барои рушди кишвар, муаррифии он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайдо шудани иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоиставу арзандаи сокинон фароҳам оварад».

dsc_0790Академик Рашид Раҳимов изҳор кард, ки «Ягон боб, ягон модда, ягон ҷумла ва ягон калимаи Конститутсия бе баҳсу мунозира нагузаштааст. Сари ҳар як калима муҳокимаи шадид сурат мегирифт. Муҳокимаи истифода кардан ё накардани фақат калимаи «Сарқонун» чор рӯз идома ёфта буд. Ҳамчунин барои забони давлатӣ нишон додани забони тоҷикӣ низ ду рӯз муҳокимаҳо идома ёфтанд, то қарор қабул карда шавад, ки дар қавсайн калимаи форсӣ илова карда шавад».

Ба андешаи академик Р.Раҳимов, маҳз Конститутсияи Тоҷикистони навин, ки 22 сол қабл- 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, барои рушди иқтисоди миллӣ замина гузоштааст, зеро то ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар маҷмӯъ, иқтисоди миллӣ надошт: «Ихтиёри моликият дар дасти марказ буд, роҳбарӣ ва идоракунӣ аз тарафи вазоратҳои умумииттифоқӣ, вазоратҳои ҷумҳуриявии умумииттифоқӣ ва муассисаҳои маҳалӣ пеш бурда мешуд. Дар Тоҷикистон ҳамаи корхонаҳои калонтарин дар ихтиёри вазоратҳои умумииттифоқӣ буданд. Дигар корхонаҳои миёна, агарчӣ дар ихтиёри вазоратҳои ҷумҳуриявӣ қарор доштанд, амалан аз марказ идора мешуданд ва сохторҳои маҳаллӣ ба фаъолияти онҳо ҳуқуқи дахолат кардан надоштанд. Ба ҳамин тартиб, ҳамагӣ 10-12 фоизи иқтисодиёт дар ихтиёри ҷумҳурӣ қарор дошту тамом. Ба ибораи дигар, сабаби надоштани иқтисодиёти миллӣ дар ихтиёри марказ будани моликияти Тоҷикистон буд».

«Бинобар ҳамин, — таъкид кард Р.Раҳимов, — аъзои гурӯҳи корӣ пешниҳод кард, ки дар  боби 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин навишта шавад: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ,  об,  фазои  ҳавоӣ,  олами  набототу ҳайвонот  ва  дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва  давлат  истифодаи  самараноки  онҳоро  ба  манфиати  халқ  кафолат медиҳад». Қабл аз ин дар моддаи 12 навишта шуд, ки «Асоси иқтисодиёти  Тоҷикистонро  шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.      Давлат фаъолияти  озоди  иқтисодӣ,  соҳибкорӣ,  баробарҳуқуқӣ  ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои  моликият,  аз  ҷумла  моликияти  хусусиро кафолат медиҳад».

«Ҳамин ду моддаи Конститусия барои пайдо шудани иқтисоди миллӣ замина гузоштанд ва барои рушди он дар оянда мусоидат намуданд», — хулосабарорӣ кард академик Рашид Раҳимов.

Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода зимни суханронӣ чунин зикр кард: «Конститутсия аз як тараф барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, аз тарафи дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард».

Дар ҳамоиши мазкур, ки бо ташаббуси Суди конститутсионӣ баргузор гардид, роҳбарияти судҳо, кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ, устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Иштирокдорон таъкид карданд, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар худ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлолро инъикос намуда, Тоҷикистонро расман ҳамчун давлати демокративу ҳуқукбунёд ва соҳибихтиёр ба ҷаҳони мутамаддин пайваст кард.

Хотиррасон мешавем, ки ҳамоишу ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи мамлакат дар тамоми вазорату муассисаҳо, ҷамоаҳои меҳнатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор карда мешаванд.

 

Ноябрь 4, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад