Баррасии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ

Ноябрь 19, 2016 10:38

Душанбе, 19.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 18 ноябри соли 2016 дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини раиси Кумита Ризо Назарзода бо София Жукова, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушд ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди инфрасохтори сари роҳ, нақлиёт ва хизматрасониро баррасӣ намуда, вобаста ба пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсиоӣ табодули андеша намуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита имконият ва захираҳои бойи туристии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ҷониби ташкилот ва созмонҳои бонуфуз баҳои баланд гирифтаанд, ёдовар гардиданд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар Тоҷикистон туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ рушд мекунанд.

Ноябрь 19, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад