Баррасии масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе

Ноябрь 16, 2016 16:37

Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷата Меҳта 16 ноябр дар Душанбе вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва иқдомҳои минбаъдаи муштаракро дар заминаи татбиқи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сатҳи олӣ, ки моҳи июли соли 2015 дар Душанбе ва моҳи июни соли 2016 дар ҳошияи вохӯрии сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд баргузор шуданд, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин атрофи масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

Ноябрь 16, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд