БМТ: Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» барои беҳтар намудани фаъолияти низоми пардохт ва сифати хизматрасонӣ равона шудааст

Ноябрь 1, 2016 10:50

Душанбе, 1.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт»-ро чун фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низомҳои пардохт, ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ, мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ шарҳ додааст.
Хотиррасон мекунем, ки 26 октябр Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт»-ро баъди баррасиву муҳокима қабул намуд.
Тавре БМТ хабар додааст, лоиҳаи қонун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ ва ҷиҳати иҷрои «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ буда, дар баробари татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетӣ бо роҳи гузаронидани пардохтҳо, инчунин барои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Қариб ҳар як амалиёти молиявӣ бо иҷро гардидани пардохтҳо ва истифода шудани низомҳои пардохт анҷом меёбанд. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки баробари рушди бозорҳои молиявӣ, зиёдшавии ҳаҷми пардохтҳо, амалиёт дар бозори асъор ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аҳамияти низомҳои пардохт ва назорати хавфҳои вобаста ба онҳо рўз аз рўз меафзояд.
Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» фаъолияти ташкилотҳо — таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохт, аз ҷумла ташкилотҳои интиқолдиҳандаи маблағҳои электронӣ, агентҳо ва субагентҳои бонкии пардохт, танзимгарони низомҳои пардохт, танзимгарони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохт, муайян намудани талабот барои ташкил ва фаъолияти низомҳои пардохт ва тартиби назорати низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, барои мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохт, беҳтар намудани фаъолияти низоми пардохт ва сифати хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Ноябрь 1, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад