Дар ДДТТ семинари «Истифодаи самараноки маводи доруворӣ» доир шуд

Ноябрь 17, 2016 09:24

Душанбе, 17 .11.16. /АМИТ «Ховар»/. «Истифодаи самараноки маводи доруворӣ. Антибиотикрезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он»- таҳти чунин унвон дар Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД)- и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар баргузор шуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти ДДТТ хабар дода, илова карданд, ки дар семинар ба иштирокчиён оид ба «Истифодаи самараноки маводи доуворӣ», «Маводи дорувории аслӣ, генерикӣ ва номгӯи ғайрипатентии байналмилалии онҳо», «Хосиятҳои клиникӣ-фармакологии гурӯҳҳои асосии маводи зиддибактериявӣ», «Мушкилоти антибиотикрезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он» ва «Ҳамтаъсирии маводи зиддибактериявӣ бо дигар маводи доруворӣ» муфассал иттилоот дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, «иштирокчиён дар доираи семинар санҷида шуданд ва маълум гашт, ки бештари иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда дониши кофӣ надоранд».
Тибқи нақшаи пешбинишуда чунин семинарҳо дар байни тамоми ординаторони клиникӣ гузаронида мешаванд.

Ноябрь 17, 2016 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад