Дар Душанбе рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ карданд
Душанбе, 30.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рушди муносибатҳои иқтисодӣ, мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорон ва намоишҳо бо иштироки доираҳои соҳибкории Арабистони Саудӣ дар Душанберо раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ баррасӣ карданд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон /ПСС ҶТ/ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
«Зимни мулоқоти ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ табодули афкори созанда сурат гирифт», — омадааст дар хабарномаи ПСС ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ, раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид доираҳои соҳибкории Арабистони Саудиро барои иштирок дар кори намоишҳо-ярмаркаҳои универсалии байналмилалии «Тоҷикистон», ки рӯзҳои 24-26 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар МД «Кохи Борбад» баргузор мегардад, даъват кардааст.
Ба гуфтаи Шариф Саид, чорабиниҳои намоишӣ дар барқарор ва таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ, бастани шартномаҳои мутақобилан судманд, лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва содироту воридоти маҳсулоти гуногун мусоидат хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






