Дар Мӯъминобод Маркази касбомӯзӣ ифтитоҳ гардид
Қӯрғонтеппа, 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд» -и ноҳияи Мӯъминобод Маркази таълимии касбомӯзӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод иттилоъ доданд, маркази таълимии касбомӯзӣ мутахассисонро аз рӯи 15 ихтисос, аз қабили дӯзандагӣ, заргарӣ, кафшергарӣ, қаннодӣ, барқчӣ барои корхонаҳои ноҳия тайёр мекунад.
Мавҷудияти чунин марказҳо имконият медиҳад, ки ҷавонон соҳиби касб шуда, аз рӯи ихтисоси гирифта фаъолият намоянд.