Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Нуробод 718 тонна ангишт ва 713 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст
Нуробод, 08.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод захираи маводи сӯхт ба анҷом расид.
Ба иттилои мудири маорифи ноҳия Сайшариф Одиназода, дар мавсими зимистони имсола мувофиқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия бо назардошти 27,4 тонна бақияи ангишти соли гузашта ва 29 метри мукааб ҳезуми боқимонда, талаботи муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳаҷми 716 тонна ангишт, 712 метри мукааб ҳезум ва 3260 литр сӯзишвории дизелӣ муайян шудааст.
Бояд гуфт, ки ба воситаи ҶДММ «Шероз-2007» ва Ҷамъияти матлуботи ноҳия то имрӯз дар 84 адад муассисаи таълимии ноҳия 718 тонна ангишт ва 713 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст, ки он сад фоизи нақшаро ташкил медиҳад.