Дар шаҳри Хоруғ нахустин синфи захиравии инклюзивӣ боз шуд

Ноябрь 16, 2016 16:41

Хоруғ, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами дуюми ба номи Давлаталӣ Шабдолови шаҳри Хоруғ синфи захиравии инклюзивӣ боз шуд ва нахустин хонандагони имконияташон маҳдуд дар паси мизи мактабӣ нишастанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар додааст.
Дар дарси аввал дар баробари волидон ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва омӯзгорон ширкат намуданд.
«Мақсади кушода шудани синфи мазкур дар амал тадбиқ кардани ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсил ва ба ҳамин минвол дигар намудани назари одамон ба зиндагии чунин афрод мебошад. Дар айни замон бештари одамон нисбат ба кӯдакони имкониятшон маҳдуд муносибати раҳмдилона доранд ва кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо кумаки ройгон расонанд. Дар натиҷа ин кӯдакон худро заифу нотавон ва ноҳинҷор ҳис мекунанд. Мақсади мо муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсил ва дар оянда мутобиқ ба лаёқат пешниҳод намудани ягон шуғл ба ин кӯдакон мебошад. Ба ин васила онҳо худро як узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос хоҳанд кард»,-мегӯяд раиси Ассотсиатсияи волидони кӯдакони маъюб Лайло Нафасшоева.
«Дар рӯзҳои аввал на ҳамаи волидон розӣ буданд, ки фарзандонашон дар як синф бо кӯдакони маъюб таҳсил кунанд, зеро ин кӯдакон барои аз худ кардани дарс гӯё ба онҳо халал мерасондаанд. Аммо баъди ширкат дар чанд дарс фикрашон нисбат ба кӯдакон тағйир ёфт»,-илова кард Лайло Нафасшоева.
Дар ҷараёни дарс ба хонандагону меҳмонон порчаҳо аз филмҳои мустанад, ки дар бораи фаъолияти синфҳои захиравии инклюзивӣ дар мамолики пешрафта таҳия шудаанд, намоиш дода шуданд.

Ноябрь 16, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»