Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Миёна
Душанбе, 25.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Миёна» имрӯз, 25 ноябр дар Душанбе доир гардид.
Дар конфронс раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори Академияи ВАО Зиннатулло Исмоилзода иштирок намуда, оид ба фаъолияти васоити ахбори омма дар партави манфиатҳои геополитикӣ маърӯза намуд.
Ҳамчунин мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи ДМТ Абдулмумин Қутбиддинов доир ба унсурҳои фарогирии фазои иттилоотӣ иброз дошт, ки «дар фазои иттилоотӣ мавзўоти сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт ва амсоли он ҳар кадом ба таври худ гардишу ҷараён ва таҳаввулу тағйир ба миён меоранд. Аксар вақт чунин пиндоште вуҷуд дорад, ки танҳо сиёсат ташакулдиҳандаи фазои иттилоотӣ аст. Ин гумон иштибоҳ нест, аммо дар ин роҳ сиёсат хеле осону номаълум аз дигар мавзўот истифода бурда, барои худ заминаи маълуму ҳадафдореро ба вуҷуд меорад. Таҳримот бар зидди Русия, карикатураҳо нисбат ба дину фарҳанг, муҳоҷирони сарсони араб дар Аврупо ва масъалаи печидаи қабул кардан ё накардани онҳо ҳар кадом таъсири амиқ ба фазои иттилоотии кишварҳо ва минтақаҳо ва дар ниҳоят дар қолаби сиёсат доранд».
Зикр гардид, ки аз рўи назарияи дигар танҳо идеология ва ҷараёнҳои сиёсӣ шаклбахшанда ва муайянкунандаи самтҳои инкишофёбандаи фазои иттилоотӣ мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






