Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ

Ноябрь 10, 2016 10:31

Душанбе, 10.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда, моҳи июни соли 2013 оғоз гардида, имрӯз он бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки дар маҷмуъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз хонаҳои аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба чанд оилаи хуштолеъи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа ҳалокгардида калиди хонаҳоро тақдим карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматӣ санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавбгӯ ба талабот бунёд кардани бинои нави истиқоматӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд.

Баъди гузоштани санги асос дар вазъияти тантанавӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои махсуси генерал — майори милитсия барои хизматҳои содиқона аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чор нафар аз роҳбарияти мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ин рутбаҳо супорида шуданд. Ба рутбаҳои махсуси навбатии Генерал — майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз сарфароз гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амният ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои беҳдошти шароити иҷтимоии оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва бо манзили зист таъмин кардани онҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо манзилҳои хуштарҳу замонавии истиқоматӣ бунёду ба истифода дода шудааст. Баҳри таъмини шароити мусоиди кору хизмат бошад, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар идораҳои маъмурӣ, омӯзишгоҳҳо, майдонҳои муосири машқу тамрин бо тамоми таҷҳизоти низомию варзишӣ, ҳамчунин осоишгоҳҳои замонавӣ бунёд шудааст, ки кормандон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ифтитоҳи ин манзилҳои истиқоматӣ низ идомаи мантиқии сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои коргарони мақомот пешкаш гардид.

 

Ноябрь 10, 2016 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд