Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конгресси солонаи Агентии энергетикии Олмон
Душанбе, 24.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо даъвати Агентии энергетикии Олмон (DENA) дар Конгресси байналмилалӣ дар бахши энергетика бо шиори «Гузариш ба сарчашмаҳои алтернативии энергия» ширкат намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 400 намояндаи ширкатҳои бузурги саноатии Олмон, котибони давлатии вазоратхонаҳои иқтисодӣ, вакилони Бундестаги Олмон, олимону коршиносони бахши энергетика иштирок намуданд.
Дар доираи ин Конгресс Сафир бо роҳбари иҷроияи Агентии энергетикии Олмон Андреас Кулманн мулоқот намуд. Дар ҷараёни суҳбат оид ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт. Андреас Кулманн изҳор дошт, ки ҷониби олмонӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар бахши истифодаи самараноки энергия, тавлиди барқ аз неруҳои таҷдидшаванда, ба мисли об, неруи офтобӣ ва бодӣ алоқаманд мебошад.
Ҳамчунин дар Конгресс мулоқоти корӣ бо роҳбари Раёсати неруи таҷдидшавандаи Агентии энергетикии Олмон Оливер Франк ва роҳбари бахши лоиҳаҳо дар соҳаи неруҳои таҷдидшаванда Габриеле Айшнер баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷониби олмонӣ омодагии хешро ҷиҳати пазироӣ ва гузарондани музокирот бо масъулони соҳаи энергетика ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Дар доираи мулоқот ба намояндагони ширкатҳое, ки дорои ихтирою навовариҳо дар самти самаранокии энергия ва истифодаи неруҳои таҷдидшаванда мебошанд, се ҷоизаи «Самаранокии энергия-2016» тақдим гардиданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






