Лахш: Ғолибони «Ҳадяи тақдир» қадрдонӣ шуданд
Лахш, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Муассисаи таълимии давлатии Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Лахш, ки иборат аз 116 нафар хонанда ва 12 нафар омӯзгор мебошад, рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд. Хонандагони синфҳои 10 баҳри хоҳарону додарони худ китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш гузошта, аз ҳаёту фаъолият ва хизматҳои Пешвои миллат саҳначаҳои тарбиявӣ пешкаши устодон ва меҳмонон гардонданд.
Дар ин бора директори муассисаи мазкур Аслибегим Гулматова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Дар барнома ғолибони иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ҳадяи тақдир» бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ гардиданд», -хабар дод манбаъ.