«Парчам миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ мекунад»-Конфронси илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
Қӯрғонтеппа, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар Донишгохи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки донишҷӯёну олимон конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Қӯрғонтеппа раиси кумитаи муштараки иттифоқи касабаи донишгоҳ Маҳмадкарим Шарипов иттилоъ дод.
«Дар назди донишҷӯён ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав профессор Муҳаммад Шодиён ва профессор Ҳасан Муродиён дар бораи таърихи Парчам ва мавқеи Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон сухан карданд»,-хабар дод манбаъ.
Зикр гардид, ки Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ метавонад эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад.