Пешвои миллат: «Истеҳсолоти саноатӣ- омили муҳимтарини пешбарандаи иқтисоди миллӣ»
Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Истеҳсолоти саноатӣ омили муҳимтарини пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад»,-иброз намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд.
«Рушди устувори хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат, алалхусус, парвариши пахта ва дигар намуди зироат бо масъалаи таъмини саривақтӣ бо тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ робитаи зич дорад.
Зеро истифодаи нуриҳои фосфордор дар давраи шудгори тирамоҳӣ ва таъмини талаботи соҳаи кишоварзӣ бо нурии азотӣ дар марҳалаи аввали нашъунамои зироат омили асосии баланд бардоштани самаранокии замин ба шумор меравад»-, илова намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат бо итминон баён доштанд, ки бо барқарор гардидани истеҳсоли ин намуди маҳсулот, яъне нуриҳои азотӣ дар корхона заминаи боэътимоди рушди соҳаи кишоварзии мамлакат фароҳам гардида, ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар, бахусус, мутахассисони соҳа бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






