Рӯзи дарҳои кушод бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2016 15:25

Душанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе дар театрҳои кишвар намоишномаҳои ройгон намоиш дода мешаванд.
Инчунин дар Рӯзи дарҳои кушод донишҷӯён имкон доранд аз осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муаррифии осори Пешвои миллат ва асарҳои рассомоне, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, дидан намоянд.
Барномаи махсусро инчунин кормандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба тамошо хоҳанд гузошт. Тавре ки муовини директори Сирки давлатӣ Қурбон Зоҳир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд пагоҳ аз барномаҳои сиркӣ ройгон баҳра бардоранд. Барномаҳо пагоҳ ду маротиба соатҳои 10 ва 15 -и рӯз намоиш дода мешаванд.
sirk«Кӯдакон аз барномаи гуногуни махсус омоданамудаи кормандони сирк дидан хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки ҳунармандон дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, бо барномаҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд. Барномаи мо инчунин дар Қирғизистон ва Русия ба тамошо гузошта шуда буд»,-илова намуд Қурбон Зоҳир.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, солҳои охир Ҳукумати кишвар ба рушди ҳунари сиркӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди ҳунари сиркӣ барои солҳои 2014-2017» амалӣ мегардад, ки мутобиқи он даҳҳо ҳунармандон дар Русия ва Чин таълим мегиранд.
«Инчунин солҳои охир ҳунармандон аз Русия, Чин, Қазоқистон, Украина, Лаҳистон ва Туркманистон бо ҳунари волои худ табъи тамошобинони тоҷикро болида месозанд»,-илова намуд Қурбон Зоҳир.
Тибқи маълумоти муовини директори Сирк, дар айни замон дар Сирки давлатӣ 40 нафар ҳунарманд фаъолият мекунанд.

Ноябрь 15, 2016 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад