Рашид Раҳимов: «Шояд КФ «Терек»-ро тарк гӯям»

Ноябрь 18, 2016 10:26

Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии клуби футболи «Терек»-и Грозний Рашид Раҳимов ба хабарнигори «Советский спорт» арз кардааст, ки бо сабаби бемор буданаш шояд дастаро тарк гӯяд. Ин мусоҳиба ҳангоми бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби Русия ва Руминия дар варзишгоҳи «Аҳмад Арена»-и шаҳри Грозний доир шудааст.
«Дар айни замон ман намедонам, ки ба даста роҳбарӣ мекунам ё не, аммо ташхиси тиббии охир нишон дод, ки ман бояд шаш моҳи дигар муолиҷа гирам. Ҳамарӯза дору истеъмол мекунам. Эҳтимол меравад, ки ман аз сабаби бемор будан ин дастаро тарк гӯям», — овардааст «Советский спорт» аз қавли Рашид Раҳимов.
Рашид Раҳимов, мутахассиси 51-солаи футболи Тоҷикистон бо сабаби нохуб будани вазъи саломатиаш дар бозиҳои дастаи «Терек», ки ҳоло дар зинаи сеюми Премйер-Лигаи Русия ҷойгир аст, иштирок карда натавонист. Дастаро ёвари ӯ Игор Ледяхов ба майдон баровард.
Рашид Раҳимов аз соли 2013 инҷониб дастаи «Терек»-ро ба ҳайси сармураббӣ тамрин медиҳад. Қаблан ӯ дастаҳои «Амкар» ва «Локомотив»-и Маскавро низ машқ додааст. Рашид Раҳимов қаблан дар вазифаҳои муҳофизатгар ва нимҳимоятгар дар дастаҳои «Помир» (Душанбе), «Спартак» (Маскав), «Аустрия» (Вена) ва дигар дастаҳо бозӣ кардааст. Узви дастаи мунтахаби Русия ва Тоҷикистон, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (1988) мебошад.
Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Ноябрь 18, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд