Суғд: Шумораи аввалини фаслномаи «Ганҷи сухан» нашр шуд
Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд шумораи аввалини фаслномаи «Ганҷи сухан» интишор гардид, ки он армуғони илмиву адабӣ ва фарҳангии маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» мебошад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, фаслнома фарогири маводи нав ва то имрӯз дарҷнагардидаи осори илмиву адабӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар фаслнома маърӯзаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳти унвони «Баракати Истиқлол ва ваҳдати миллӣ» аз Конфронси байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» интишор гардидааст. Дар бахши «Назм» ашъори номатбӯъи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ки ҳанӯз солҳои 1985-1986 эҷод шуда буд, ҷой дода шудааст.
Дар бахши наср ҳикояи нави нависанда Анвар Олим «Бобои Ҷумъа ва маркабаш» ҷой гирифтааст.
Ҳамчунин бахшҳои «Равзанаи таърих», «Мутуни адабӣ», «Мерос», «Адабиёти ҷаҳон», «Мусоҳиба», «Ёднома», «Тақриз ва китобиёт», «Санъат ва ҳунар», «Бо қалами ҳаҷв», «Санҷиши қалам» ва монанди инҳо маводи хонданиро фаро гирифтаанд.