Забони тоҷикӣ миёни мардуми Бухоро назокату латофати худро нигоҳ доштааст

Ноябрь 9, 2016 13:49

buhoro-0Душанбе, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Соли 1989, пас аз хатми факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) маро  мувофиқи тақсимот ба Донишгоҳи Бухоро тақсим карданд. Баробари дарс додан машғули кори илмӣ шудам. Кори илмиаам гирдоварии расму оинҳои арӯсии тоҷикони Бухоро буд.

Соли 1990 як гурўҳи калони адибон ва олимони тоҷик ба муносибати 70-солагии инқилоби Бухоро ба Бухоро омаданд. Дар байни онҳо Равшан Раҳмонӣ ҳам буд. Дар ҳамин сафар бо он кас ошно шудам. Тавре ки худашон ба ман гуфтанд, ин сафари аввалини он кас ба Бухоро будааст ва зимнан ёдовар шуданд, ки ошиқи фарҳанги мардуми Бухоро шудаанд.

Баъд аз он устод Раҳмонӣ ҳар сол ба Бухоро меомаданду ҳар ду ба гидоварии фолклор ва этнографияи тоҷкони Бухоро машғул мешудем. Устод Раҳмонӣ бештар ба ҷамъоварии маводи фолклорӣ ба мисли афсона, қисса, ривоят, суруд, мухаммас (рубоиро дар Бухоро мухаммас мегўянд), зарбулмасал, чистон ва ғайра машғул мешуданд ва ман расму оинҳои арўсиро гирд меовардам.

Чанд сол ҳамроҳ кор кардем. Пас аз солҳо мавзўи ман «Мавқеи суруд дар ҷашни арўсии тоҷикони Бухоро» шуд ва роҳабри илмӣ устод Равшан Раҳмонӣ таин гардиданд ва соли 1997 ҳимоя кардам.

Гап дар сари он аст, ки устод ҳар сол ба Бухоро омада, ба воситаи магнитофон матнҳои фолклорӣ ҷамъ меоварданд. Ба ҳавсала онҳоро аз касета ба дафтар менавиштанд ва ба ман ҳам мегуфтанд, ки ту дар оянда фолкоршинос шуданӣ ҳастӣ, аз ин рў матнҳоро бо лаҳҷаи Бухоро сабт кун. Бо лаҳҷа сабт кардан ва чоп кардани матнҳо барои риштаҳои гуногун, аз ҷумла лаҳҷашиносон, мардумшиносон, ҷомеашиносон, равоншиносон ва бахусус фолклоршиносон муҳим аст. Чунки тамоми расму оин ва анъанаҳои мардумӣ ба воситаи забони мардум баён мегардад ва аз насле ба насле  интиқол меёбад.

Ҳоло дар дасти ман китоби «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» аст, ки охири соли 2015 аз тарафи нашриёти «Адиб» чоп шудааст. Китобро варақ мезанаму заҳмати устод ба ёдам меояд, ки он кас бо ҳавсала ҳар калима, ибора ва ҷумларо тавре, ки бо лаҳҷа талаффуз мешуд ва тавре, ки мардум мегуфтанд, ба дафтар бознависӣ мекарданд. Ҳатто саволу ҷавобҳое, ки байни гўянда ва шунаванда ё худи устод сурат мегирифт, онро низ айнан аз магнитофон ба дафтар бознависӣ мекарданд. Пас аз мутолиаи китоб бароям маълум шуд, ки устод тамоми лаҳҷаи тоҷикони Бухороро дар матнҳо нигоҳ доштаанд.

Китобро чанд нафар забоншиносон дар шаҳри Хуҷанд, ки ман ҳоло дар он ҷо кор мекунам ва олимони эроншиноси хориҷӣ, ки меҳмони ман буданд, аз назар гузаронида, аз паи дастрас кардани он шуданд. Онҳо, ки ба Бухоро низ рафта буданд, барояшон лаҳҷаи Бухоро бисёр муҳим буд.

Дар анотатсияи мухтасари нашриёт чунин омадааст: «Ин маҷмўа матни илмии афсонаҳо, қиссаҳо ва ривоятҳои тоҷикони Бухороро дар бар мегирад. Тамоми матнҳо дар даҳ соли охири садаи ХХ ба воситаи забти савт (магнитофон) аз шаҳри Бухоро ва атрофи он сабт шуда, ҳангоми бознависӣ гуфтори мардум ба таври пурра нигоҳ дошта шудааст.

Маҷмўа дорои сарсухани илмӣ, 64 матн, тавзеҳот, луѓатнома мебошад. Бархе аз ин матнҳо аз минтақаи Зирабоди Бухоро сабт шудааст, ки мардуми он ҷо дорои лаҳҷаи хосе ҳастанд. Аз ин рў ҳангоми аз касет бознависӣ кардан, то ҳадди имкон гуфтори мардуми Зирабод нигаҳ дошта шуд».

afsonahoi-buhoroБа китоб зиндаёд академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ таҳти унвони «Гирдоварӣ ва нашри илмии матнҳои гуфторӣ муҳим аст» пешгуфтре навишта буданд. Устод М.Шакурӣ дар навиштаи худ чунин ишорат кардаанд: «Маҷмўаи илмии «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро»-ро, ки Равшан Раҳмонӣ дар солҳои навади асри бист аз Бухоро гирд овардааст, мутолиа карда, аз он шод шудам, ки забони тоҷикӣ дар миёни мардуми он диёр ҳанўз латофату назокати худро нигоҳ доштааст. Бо вуҷуди он ки мардуми Бухоро аз мактаб, китоб, воситаҳои ахбор ва дигар маводе, ки аз он бояд захираи луғавии тоҷикии худро афзоиш диҳанд, дар канор мондаанд, форсии тоҷикӣ ҳамоно дар гуфтугўи мардум пояи устувор дорад. Бо ҳамон лаҳҷаи мардум, ба воситаи магнитофон сабт кардани матн ва онро айнан ба нашр омода кардан на фақат барои фолклоршиносон, балки барои забоншиносон ва мардумшиносон низ дорои аҳамияти илмӣ мебошад.

Аз мутолиаи ин матнҳо дар ман як тасаввуре пайдо шуд, ки дар фолклори Бухоро таъсири адабиёти китобӣ, яъне адабиёти классикӣ ва ҳамчунин матнҳои динӣ хеле зиёд будааст. Тавре ки маълум аст, Бухоро дар садаи 9-10 зодгоҳ ва маркази забон ва адабиёти классикии форсии тоҷикӣ буд. Мардуми Бухоро дар сари гаҳвораи фарҳанги тоҷикӣ шабзиндадорӣ кардаанд. Забони форсии дариро Носири Хисрав «дурри дарӣ» гуфтааст. Тоҷикон, аз ҷумла мардуми Бухоро, дурри дариро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт карда, то замони мо расониданд».

Китоби «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» (Пажўҳиш ва матнҳо) зери унвони «Сухане санд пиромуни насри гуфторӣ» аз таҳқиқоти муфассал ва матнҳо иборат аст. Таҳқиқот аз сарсухан ва бахшҳои зерин: «Ишорате дар бораи пажўҳиши фолклори тоҷикони Бухоро», «Лаҳҷаи Бухороӣ»-и Риҷоӣ», «Симои як афсонагўи бухороӣ аз нигоҳи устод Айнӣ», «Шугҳои Бухоро дар охири садаи ХХ», «Шугҳои Музаффархўҷа», «Хусусиятҳои қисса», «Қисса ва афсона», «Қисса ва ривоят», «Қисса ва нақл (ё ҳикояҳои гуфторӣ)», «Мазмун ва мавзўи қиссаҳои гуфторӣ», «Вариантҳои навишторӣ ва гуфтории як қисса», «Қиссахонӣ ва қиссагўӣ», «Китобнома» иборат буда, дар он муаллиф ба таври муфассал андешаҳои илмии худро баён кардааст.

Баъдан матнҳои китоб ба се бахш ҷудо шудааст. Бахши аввал афсонаҳо, бахши дуюм қиссаҳо ва бахши сеюм ривоятҳоро дарбар мегиранд. Агарчи баъзе аз матнҳо дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон машҳур аст, вале муҳим он аст, ки ин матнҳоро бухороиҳо чи тавр нақл мекунанд. Дар китоб афсонаҳои «Шуги моҳигир», «Ҳар кас да осмон туф кунад, да худаш мебийод», «Аҳмад Давлат», «Қаракокул», «Чумчуқак», «Бикўб, бикўб ҳамончӣ дидайӣ», «Ҷазойи вазири ҳасуд», «Шоҳаббос», «Наҷмо» (дар ду вариант), «Тақдир», «Дуойи падар», «Се духтари пошшо», «Ақлам ҳасту пулам нест», «Тақдирнавис», «Писари Қозӣ Собири Бухорӣ», «Бибиқиштала», «Ишқи духтари бой ва йатим», «Йак хумча тилло», «Усто Шокири Кафшдўз», «Занро аз роҳи бад нигоҳ доштан», «Ҳикойати Дамбалпалвон», «Писари нодони шоҳи Бухоро», «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат»; қиссаҳои «Панҷ насиҳат дар хоб», «Чашми одамизода хок сер мекунад», «Баҳлули доно», «Айуби Собир», «Оҳу баройи Ҳасану Ҳусайн», «Зийорати имом Ризо», «Ҳаҷ дар остони худи одам»; ривоятҳои «Арзи шутур ва мўъҷизаи пайғамбар», «Ҳикойати Абдулло», «Модари Иброҳим», «Ҳазрати Сулаймон ва чумчуқ», «Бухоро ва Хўҷа Ахбори Валӣ», «Хоби ҳазрати Фотима», «Дар бораи раҳм», «Қарзулҳасана», «Ҳурмати мўйсафедон», «Биҳишт зери қадами модарон аст», «Ба бечорагон кўмак кардан ҳаҷ аст», «Пири Дастгир», «Баҳоваддини балогардон», «Ривойат дар бораи ҳазрати Исо», «Мўсо ва саг» ва ғайра оварда шудааст.

Муаллиф дар бораи гўяндагон ва матнҳо тавзеҳоти муфассал додааст, ки барои илми фолклоршиносӣ муҳим аст. Дар охири китоб луғатҳои лаҳҷаи тоҷикони Бухоро, ки дар ин матнҳо дучор мешаванд, шарҳ дода шудааст. Муҳаққиқ луғатҳоро, чи тавре ки бухориҳо талаффуз мекунанд, овардааст. Дар охири китоб ба забони англисӣ шарҳи мухтасаре роҷеъ ба маводи китоб омадааст.

Дар кишварҳои пешрафтаи дунё ба сабти илмии матнҳои фолклорӣ бо лаҳҷаи ин ё он забон диққати махсус медиҳанд. Чунин корҳо барои омўхтани фолклор ва забони гуфтории мардум бисёр муҳим аст. Аз ин рў китоби «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» арзиши муҳим илмӣ дорад.   Барои ҳамин ҳар чӣ бештар мавдои забонӣ ва фолклории тоҷикони кишварҳои ҳамсоя гирдоварӣ ва нашр шавад, барои ояндагон низ ҳамчун санади илмӣ арзишманд хоҳад буд. Имрўзҳо гирдоварии маводи мардумшиносӣ, фолклорӣ ва лаҳҷашиносӣ тавассути воситаҳои техникӣ ба мисли магнитофон, диктофон, видеокамера, дастгоҳи суратгирӣ хеле муҳим аст. Чунки аз ин тариқ тамоми хусусиятҳои мавод дастрас мегардад.

Ба назари мо китоби «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» яке аз аввалин матнҳои фолклорӣ мебошад, ки ба воситаи магнитофону диктофон сабт ва дастраси муҳаққиқон гаридадааст. Умедворем, ки дар оянда фолклори минтақаҳои кишвари азизамон Тоҷикистон ва тоҷикони кишварҳои дигар низ дар шакли китобҳо чоп шуда, расму оин, фолклор ва забони шифоҳии онҳо мавриди таҳқиқи бештар қарор мегирад.

Сироҷиддин БОБОЕВ,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедари забонҳои

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

Ноябрь 9, 2016 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд вазъи соҳаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
Дар Арманистон ҷаласаи Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд