Зокир Собиров, барандаи ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико унвони академики Академияи рассомони Русияро соҳиб гардид
Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рассоми навовари тоҷик, барандаи ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико Зокир Собиров унвони академики Академияи рассомони Русияро соҳиб гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, охири моҳи сентябр Зокир Собиров бо мусаввараҳои худ дар намоишгоҳи байналхалқии «Арт ЭКСПО -2016» дар шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок кард. Президенти Академияи рассомони Русия Зураб Константинович Серетели дар намоишгоҳ осори рассоми тоҷикро дида, ба ӯ баҳои баланд дод ва ба Президиуми академия пешниҳод кард, ки Зокир Собиров ба узвияти Академияи рассомони Русия қабул шавад.
Аз ин рӯ 18 октябри соли равон Зокир Собиров дар шаҳри Маскав бо шаҳодатнома, нишони тиллоӣ, дафтарчаи узвият ва ифтихорномаи Академияи рассомони Русия қадрдонӣ гардид.
Имрӯз равияҳои параллелизм ва материализм равияҳои навтарин дар санъати тасвирии ҷаҳонӣ буда, дар Амрико, Чин ва Русия эътироф гардидаанд. Зокир Собиров яке аз асосгузорони ин ду равияи ҷаҳонӣ: параллелизм (нурворизм) ва материализм (танворизм) мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд






