Ҳадафи вохӯрӣ — аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ мебошад
Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук баргузор шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад зикр гардид, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин бояд мо барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, чораҳои саривақтӣ ва таъхирнопазир андешем.
«Мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки метавонад пояҳои давлатро заиф гардонад, инчунин роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти гумрук вобастагии мустақим дорад», — иброз намуд Шодком Турсунзода.
Муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники Хадамоти гумрук Бӯрӣ Ҳамрозода изҳор дошт: «Пешгирии ҳама гуна ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ки боиси халалдор гаштани вазъи иқтисодии кишвар мегарданд, вазифаи ҳар як корманди мақомоти гумрук буда, баргузории ин гуна ҷамъомадҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад».








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






