Амали хайри боз як ҷавони тоҷик дар Москва дар арафаи Соли нав

Декабрь 31, 2016 14:02

umarДУШАНБЕ, 31.12.2016./АМИТ “Ховар”/. Умар, як муҳоҷири меҳнатӣ аз ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, ки муваққатан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад, бо як амали  некаш  вирди забони истифодабарандагони шабакаи  Интернет шуд. Ҳоло ҳазорон нафар ба ӯ аҳсант мехонанд.

Бахши узбекии радиои «Озодӣ” сӯҳбати видеоии Умар, муҳоҷири 30-солаи тоҷикро  нашр кардааст. Умар дар ин мусоҳиба бо як лаҳни шикастаи русӣ мегӯяд, ки дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ба дунё омадааст: «Бепадар калон шудам. Падарам, шукр, зинда, вале  мариз аст. Аз ин рӯ маро модарам ба воя расонд.”

Дар шарҳи амали савобе, ки номи ин фурӯшандаи мева дар бозори «Фуд-Сити”-и Москваро машҳур кард, Умар хоксорона мегӯяд:  “Коре ки ман кардам, корест, ки ҳар инсон бояд кунад.”

Сокини шаҳри Москва Ирина Фесенко ҳафтае пеш қиссаи ҳаяҷоновари ин фурӯшандаи меваву сабзавот дар яке аз бозорҳои пойтахти Россияро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр карда, навишт, ки аз ҷавонмардиву саховати Умар ангушти ҳайрат газидааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракае ҷараён дошт, ки дар он аз мардуми савобҷӯ мехостанд, то ҳар кадом ба бемористонҳои кӯдакони дардашон табобатнашаванда якхалтаӣ мандарин биоранд ва бо ин барои ин кӯдакони рӯ ба марг фазои солинавӣ бисозанд. Ирина Фесенко низ ба хотири савоб ба «Фуд- Сити”, яке аз бозорҳои умдафурӯшии Маскав ворид мешавад ва се халта мандарин мехарад.

Ӯ менависад, вақте ин се халта дар дасти тоҷири тоҷик аз бозор берун мешуд, чашмаш ба харбуза меафтад. Ҳангоми дар тарозу баркашидани харбуза фурӯшанда аз Ирина пурсидааст, ки магар се халта мандарин барояш вазнин нест?

Ирина ба ӯ мегӯяд вазнин ҳам бошад, бурдан лозим, чунки ӯ ин ҳамаро  барои худаш не, балки ба ҳоспис мебарад. Фурӯшанда, ки русиро хуб намедонист, гашта ҷои бурдани мандаринҳоро мепурсад ва чун мефаҳмад, ки хоспис – ин муассисаи тиббӣ барои беморони дардашон табобатнашаванда аст, ба риққат меояд ва  як сандуқ хурморо пеши Ирина мегузорад, ки “бигир, инро аз номи ман ба он кӯдакони бемор бубар”.

Ирина менависад, ки  саховати ин муҳоҷири меҳнатӣ  қалби ӯро тасхир намуд. Вай мехоҳад сандуқи помидорҳоро ба ин баҳона, ки шояд барои он кӯдакон истеъмоли сабзавот мумкин набошад, баргардонад. Вале Умар бо исрор помидорҳоро ба дасташ дода, мегӯяд: «Мумкин аст барои онҳо, ман медонам”.

Пости Ирина Фесенко дар Фейсбук мавҷи истиқбол аз ин амали хайри Умарро дар пай овард. То имрӯз беш аз 4500 нафар ин постро бознашр кардаанд. Дар зери матлаби Ирина Фесенко дар зарфи як ҳафта 1500 нафар шарҳ навиштаанд.

Хотиррасон менамоем, ки як сол пеш ҳамин гуна қиссаи як муҳоҷири дигари тоҷик Забеҳуллоҳ Шафеъзода дар Москва вирди забонҳо шуда буд. Забеҳуллоҳ пулу санадҳои гумкардаи як духтари ҷавони сокини Москваро ба соҳибаш баргардонд. Дар пайи ин дар Интернет маъракаи густардае оғоз ёфт, одамон аз гӯшаю канори гуногуни олам аз ин амали савоби  ҷавони тоҷик қадрдонӣ карданд. Вале Забеҳуллоҳ боз як ҷавонмардии дигар нишон дод: пулҳои ба ҳисобаш рехтаи мардумро ба ҳисоби кӯдаке гузаронд, ки маризи саратон буд ва хонаводааш барои ҷарроҳии вай сахт ба пул ниёз дошт.

 

Декабрь 31, 2016 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид