Аз Паём то Паём: Малакаю дониши ҷавононро ба рушду нумӯи кишвар бояд равона сохт
ДУШАНБЕ, 20.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони имрӯзаи пуртазод, ки ҳодисаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву ахлоқӣ ба он таъсири амиқи худро мерасонанд, вазифаи асосии муассисаҳои таълимии мамлакат- ин тайёр намудани мутахассисонест, ки ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ва муборизи роҳи ҳифзи марзу буми Ватани азизамон аз зуҳуроти номатлуб, махсусан терроризм ва экстремизм бошанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат гуфта буданд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.»
Бино ба гуфтаи Диловар Қодирзода, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, имрӯз зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти бегонапарастӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ тарбия намуда, малакаю дониши онҳоро барои рушду нумӯи кишвари маҳбубамон равона созем.
«Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём мо, устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон тавонистем, ки дар байни донишҷўён риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, тарзи либоспўшӣ дар доираи фарҳанги миллӣ, дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани донишҷўён, пешгирӣ намудани зуҳуроти бегонапарастӣ ва гаравиш ба созмонҳои ифротгаро, ба китобхонаҳо ҷалб намудани тамоми донишҷўён ва чорабиниҳои дигари муҳимро, ки ба таълиму тарбияи донишҷўён мусоидат менамоянд, дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоем»,-илова намуд Диловар Қодирзода.
Ба андешаи мусоҳиб, пешрафту дастовардҳои мамлакат ба устодону донишҷӯён рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро водор месозад, ки ҷиҳати таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў боз ҳам камари ҳиммат банданд. Мо бояд ба ин васила дар баробари тамоми сокинони ватанамон бо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пешрафту шукуфоӣ ва пойдории сулҳу суботи Ватан ҳиссаи арзишманд гузорем.
«Бинобар ин, кормандони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамоянд, ки фаъолияти таълимӣ ва илмии худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба роҳ монда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳм гузоранд»,-афзуд Диловар Қодирзода.








14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






