Бадахшон: Корҳои бехатаргардонӣ дар ҳавзи сунъии Барсем идома доранд
ХОРУҒ, 26.12.2016. /АМИТ Ховар/. Мутахассисони ҶДММ «Шариф» ният доранд то фаро расидани фасли гармо садди сунъии ҳавзи Барсемро рахна кунанд.
Соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон маҷрои дарёи Ғунд баста шуда, ҳавзи сунъӣ бо чуқурии 20 метр ва дарозияш наздик ба ду километру 800 метр ба вуҷуд омад. Ҳаҷми умумии оби дохили ҳавз зиёда аз 6 миллион метри кубиро ташкил дод. Ба иттилои сардори шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ Шероз Абдуллоев, бо дастури Пешвои миллат баъди ба макони амн кӯчонидани 82 оилаи бесарпаноҳмонда ва бо хӯроку либос ва хаймаҳо таъмин кардани онҳо гурӯҳи коргарон бо истифода аз техникаву таҷҳизоти пуриқтидор зуд ба рахна намудани садди маснуии ҳавз оғоз намуданд. Зеро дар сурати баланд гардидани сатҳи оби ҳавз хатари зери об мондани яке аз калонтарин неругоҳҳои ВМКБ- Неругоҳи барқи обии «Помир 1» ва комилан аз байн рафтани роҳи байналмилалии Хоруғ-Мурғоб- Кулма ба вуҷуд меомад.
Рахна намудани садди сунъӣ бар уҳдаи ҶДММ «Шариф» гузошта шуд. Ба сабаби дароз ва зиёд будани ҳаҷми он қарор дода шуд, ки барои берун кардани оби рӯдхона аз ду тараф хандақ канда шавад. Дар натиҷаи анҷом додани ин корҳо то ба имрӯз чуқурии ҳавз ба 8 метр расонда шуда, ҳаҷми оби боқимонда 1 млн 200 ҳазор метри кубиро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар мавзеи мазкур ду эксковатор, як механизми боркун ва ду мошини пуриқтидори боркаш машғули кор мебошанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






