Дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тағйироти кадрӣ ба амал омад

Декабрь 9, 2016 15:51

ДУШАНБЕ, 9.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоишҳои Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентӣ тағйироти кадрӣ ба амал омаданд.
Ба иттилои маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ, полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ, полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат, сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ таъйин карда шуда, полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуд.
Директори Агентӣ генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва пешгирию муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

Декабрь 9, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид